Вазифаи мо — аз мунтазам беҳтар намудани ҳамкории истифодабарандагон, кӯмак расондан ба одамон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ иборат мебошад.

Аз соли 2013 сар карда, мо технологияҳои иноватсионии фармоиши сафарҳо, боркашонӣ, харид ва дастраскунӣ, ёрӣ дар роҳро таҳия карда истодаем, ки он хизматрасониро бениҳоят замонавӣ, дастрас ва бехатар менамояд.

Бо назародошти хусусият ва шаҳрҳои калон, ва шаҳрҳои музофотӣ, дар асоси хадамоти ягона мо ба истифодабарандагони гуногун имконияти муносибати ҳамдигарии самаранокро медиҳем. Фармоиши хизматрасонӣ — бо усули қулай. Иҷроиши фармоишҳо — бо оптимизатсияи ҷараёнҳои ҷустуҷӯи онҳо, бо камкунии роҳгардии холӣ ва бекористӣ.

Роҳи мунтазам такмил додани кори ширкат ба тақсимоти меҳнат оварда расонд. Ҳар як шахс бояд кори худро анҷом диҳад: бархе аз одамон — бояд марказҳои тамоси замонавӣ сохта, операторонро омӯзонанд, дуюмӣ — маҳсулотҳои барномавиро таҳия намуда, таъмини дастгирии техникиро ба роҳ монанд, сеюмӣ — мусофирон ва мусофиркашонро ҷалб намоянд, чорумӣ — бо мусофиркашонӣ машғул бошанд.

Ҳозир гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар якҷоягӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар январи соли 2022 дар ҷуғрофияи кори хадамот бештар аз 1000 шаҳрҳои ҷаҳон бештар гардид.

Дар ҳар як шаҳр мо рақобатро пурзӯр мегардонем, барои беҳбудии одамон ва иқтисодиёт кор мекунем.

Мо платформаи соҳавии рақамиро барои муносибати ҳамдигарии бевоситаи корбарон дар давоми якчанд сол то тренди умумиҷаҳонӣ офаридем. Ҳануз дар соли 2007 мо ронандагони ба хадамот пайвастшударо аз ратсияҳо ба кор бо фармоишҳо дар барномаи мобилӣ гузаронидем. Бо муносибати инноватсионии худ нисбати бурдани тиҷорат ва хоҳиши мутобиқат ба дархостҳои ивазшавандаи истифодабарандагон дар тағйирёбиҳ ва пайдошавии бозори муосири хизматрасониҳои нақлиётӣ фаъолона иштирок мекунем.

Мо аз он мефахрем, ки ба шарофати саъю кӯшишҳо ва таҷрибаи мо системаи барномавии пуриқтидор таҳия гардид, ки фаъолияти хизматрасониро таъмин намуда, барои идоракунии фасеҳи бизнес (корчаллонӣ) таҳлили аналитикро пешниҳод менамояд.

Мо кӯшиш намуд истодаем, ки бренди ҷаҳониро ба даст биёрем, то ки одамон ба шаҳрҳо ва кишварҳои гуногун сафар карда, дар ҳама ҷо аз хизматрасонии хадамоти «Максим» истифода бурда тавонанд.

Офаридани технология ва бизнес дар баробари пешсафони бозори ҷаҳонӣ ба мо писанд аст.

Вақти рафтан аст!